Январ 07, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Шабдолов дигар ба раёсати Ҳизби коммунист барнамегардад

Шодӣ Шабдолов, ки 25 сол раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва тобистони сол гузашта аз ин симмат канор рафта буд, дар пайи даргузашти Исмоил Талабков, раиси тозаинтихоби ҲКТ гуфт, дигар ҳаргиз ба раёсати ин ҳизб барнамегардад.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, дар пайи даргузашти Исмоил Талбаков, раиси тозаинтихоби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов, ки раёсати ин ҳизбро 25 сол бар уҳда дошт, ҳар гуна овозаҳоро дар мавриди бозгашти дуборааш ба раёсати ҲКТ рад кардааст. Ӯ таъкид кардааст, дар Ҳизби коммунист афроди чоплусу дурӯғгӯ зиёданд, бинобар ин ӯ қасди бозгашт ба раёсати ин гурӯҳи сиёсиро надорад. Шабдолов муътақид аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афкори марксистиро канор гузоштааст ва бо чоплусию тамаллуқ дар оянда дигар ҷойгоҳу эътиборе нахоҳад дошт.

Шабдолов дар 5 давра намояндаи Маҷлиси намояндагони ин кишвар буд ва ҳамвора аз амалкарди ҳукумат дар масоили иқтисодӣ интиқод мекард.

Коршиносони масоили сиёсӣ мегӯянд, пас аз канор рафтани Шодӣ Шабдолов аз раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар соли 2016 ин ҳизб дар талош барои наздик кардани мавзеъҳои худ бо ҳукумат мебошад ва аз интиқоди барномаҳои ҳукумат даст бардоштааст.