Талош бар тавсиаи заминаҳои ҳамкории авлавиятдор байни Тоҷикистон ва Русия
(last modified Thu, 04 Apr 2024 05:43:42 GMT )
Апрел 04, 2024 10:43 Asia/Dushanbe
  • Талош бар тавсиаи заминаҳои ҳамкории авлавиятдор байни Тоҷикистон ва Русия
    Талош бар тавсиаи заминаҳои ҳамкории авлавиятдор байни Тоҷикистон ва Русия

Нақшаи роҳ барои тавсеаи заминаҳои ҳамкории авлавиятдор барои солҳои 2024 - 2025 байни Тоҷикистон ва Русия мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ; нишасти онлайни намояндагони Вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва  Вазорати беҳдошти Федератсияи Русия ба манзури баррасӣ ва  ниҳоӣ кардани нақшаи роҳи тавсеаи ҳавзаҳои авлавиятдори ҳамкорӣ дар ҳавзаи саломат барои 2024 - 2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуд .

Дар ин дидори маҷозӣ , тарафайн дар хусӯси мавзӯъоти дар назар гирифта шуда барои иҷроии нақшаи роҳи тавсеаи заминаҳои авлавиятдори ҳамкорӣ дар ҳавзаи саломат барои солҳои 2024 ва 2025 байни Вазоратхонаҳои беҳдошти ду кишвар табодул назар карданд .