Апрел 04, 2024 12:37 Asia/Dushanbe
  • Сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон ба Тоҷикистон
    Сафари расмии Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон ба Тоҷикистон

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тоҷи гул гузошт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ; Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов , раиси Ҷумҳӯри Туркманистон имрӯз дар чорчӯби сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон , бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ , воқеъ дар майдони "Дӯстӣ ” шаҳри Душанбе тоҷи гул гузошт.

Қоҳир Расулзода , нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дигари мақомот меҳмони олирутбаро дар ин маросим ҳамроҳӣ карданд .

Ҳадаф аз ин сафар , дидору музокироти давлатӣ дар сатҳи олӣ ва имзои чанд санади ҳамкории ҷадиди байни Тоҷикистон ва  Туркманистони эълом шудааст .

Барчасп