Рушди иқтисодии миёнаи Тоҷикистон дар ду даҳаи гузашта
Аз соли 2000 то 2023 рушди иқтисоди Тоҷикистон солона дар сатҳи миёнаи 7.7 дарсад будааст
Тавлиди нохолиси дохилӣ аз 1.8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 ба 130.8 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфт ва даромади пулии ҷамъият аз 1 миллиард ба 113 миллиард сомонӣ ё 113 баробар афзоиш ёфт.
Ин матлабро Завқи Завқизода, вазири тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард.
Ба гуфтаи вазир ба таври хос рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023 баробар 8.3% буд, ки асосан ба далели афзоиши ҳаҷми тавлиди саноъатӣ 12%, кишоварзӣ - 9%, сармоягузорӣ- 22.5%, ҳамлу нақл - 16.6%,хадамоти пардохтӣ - 14.1%, гардиши молӣ - 13.4% ва ҳамлу нақли мусофирон - 9.8%.будааст.
Завқизода ишора кард, ки созмонҳои молии байналмилалӣ Тоҷикистонро "ба унвони кишваре бо мизони тавсеаи иқтисодии боло" арзёбӣ мекунанд.
Ӯ гуфт:Болотарин ҳадафи давлат тазмини тавсеаи иқтисоди пойдори кишвар аз тариқи афзоиши баҳраварӣ дар истифода аз манобеъ ва фурсатҳои мавҷуд, ёфтани манобеъи нави тавсеа ва тавсеаи арсаҳои илмӣ ва омӯзишӣ аст.