Зарфиятҳои гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Минск муаррифӣ шуд
Намоишгоҳи байналмилалии хадамоти гардишгарии “Тафреҳ - 2024” дар шаҳри Минск баргузор шуд, ки дар он Бахтова Сафарзода, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус зарфиятҳои гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Ба гузориши “Ховар”, ҳамзамон ба ширкаткунандагон наворҳо аз зарфиятҳои гардишгариву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки табиати зебову мунҳасир ба фард, ҷозибаҳои таърихиву модерн ва ҳамчунин дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистонро ба тасвир мекашад, ба намоиш гузошта шуд.
Конфаронси “Тафреҳ - 2024” бузургтарин намоишгоҳи гардишгарии Беларус дар заминаи гардишгариву тафреҳ аст.
Ҳарсола беш аз 300 мутасаддӣ аз кишварҳои ИДМ ва соири кишварҳои хориҷӣ дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд.