Тағйири номи яке аз бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон
(last modified Sun, 08 Jan 2017 04:53:43 GMT )
Январ 08, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Тағйири номи яке аз бонкҳои буҳронзадаи Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз тағйири номи яке аз бонкҳои буҳронзадаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Бонки миллии Тоҷикистон, бар асоси ин тасмим аз ин пас бонки мавсум ба “Фонобонк” ба Ҷамъияти саҳомии хос (ҶСХ) тағйири ном мекунад.

Дар ин хабар таъкид шудааст, ки ба далели мушкилоти молии бонки ёдшуда, ки аз тавони пардохти пули нақди муштарёни хеш бархӯрдор нест, муҷаввизи фаъолияти ин ниҳод, ки дар соли 2013 содир гардида эътибор надорад. Аз ин рӯ, бо ҳукми Бонки миллии Тоҷикистон аз ин пас Ҷамъияти саҳомии хос аз ҳуқуқи анҷоми фаъолитҳои бонкӣ бо сомонӣ, воҳиди пули миллии ин кишвар ва арзҳои хориҷӣ бархӯрдор хоҳад буд.

Чанд рӯз қабл ҳукумати Тоҷикистон феҳристи амволи 4 бонки буҳронзадаи ин кишварро мунташир кард, ки исми “Фонобонк” низ дар ин феҳрист қарор дорад.

Дар феҳристи амволи “Фонобонк” номи 37 марказ зикр шуда, ки шомили биноҳои марказӣ, шӯъбаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ  дар манотиқи мухталифи ин кишвар мешавад ва ба эҳтимоли зиёд амволи ин бонк ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Аз сӯи дигар ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи ҳукуматро барои интишори қоғазҳои қимматнок ба манзури наҷоти 4 бонки буҳронзадаи ин кишвар ба маблағи 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ тасвиб кард, ки бахше аз ин қоғазҳо мутааллиқ ба “Фонобонк” мебошад.

Ҳадаф аз интишори ин қоғазҳои қимматнок кӯмак ба 4 бонки буҳронзада, ҳимоят аз ҳуқуқи муштариён, тақвияти тавони молии бонкҳо ва ҳифзи эътимоди мардум ба шабакаҳои бонкии Тоҷикистон унвон шудааст.