Иҷрои 100 дарсадии нақшаи фарохони сарбозон ба сафи артиш дар Хатлон
Дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои нақшаи даъвати наваскарон ба сафи артиш дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом мерасад.
Рӯзи 14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории хидмати сарбозӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 дарсад иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.
Дар тӯли моҳи апрел то имрӯз тадобири даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи Неруҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигари вилоят низ ҷамъбаст карда шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат - баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар сафи артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хидмати низомӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.