Ройзании додситонҳои кулли Эрону Тоҷикистон барои муқобила бо терроризму ифротгароӣ
Густариши ҳамкориҳои ҳуқуқиву қазоӣ ба манзури муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир, аз мавориде аст, ки дар мулоқоти ҳуҷҷатулислом Муваҳҳидӣ ва Юсуф Раҳмон, додситонҳои кулли Эрону Тоҷикистон бар онҳо таъкид шуд.
Дар ин мулоқот, додситони кули Эрон аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳуқуқиву қазоӣ бо Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ ҳамчунин бар лузуми тақвияти ҳамкориҳои додситониҳои кулли кишварҳои узви ЭКО дар муқобила бо терроризм, ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводи мухаддир таъкид карду афзуд: Амрико ва режими саҳюнистӣ ба унвони саркардаи гуруҳҳои террористӣ ба дунболи пешбурди манофеи номашрӯи худ дар кишварҳои исломӣ ҳастанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар ин дидор, зимни истиқбол аз тақвияти муносиботи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон, бо ишора ба иқдомоти ахири террористӣ дар кишварҳои минтақа изҳор дошт: Муқобила бо ин гуна иқдомоти террористӣ, ки бо ҳадафи барҳам задани равобити байни кишварҳои дӯст сурат мегирад, ниёзманди ҳамкории ҷиддитари ниҳодҳои зирабти кишварҳои минтақа аст.