Тамоюли туҷҷори чинӣ барои сохти корхонаву ширкатҳои тавлидӣ дар вилояти Хатлон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i114616-Тамоюли_туҷҷори_чинӣ_барои_сохти_корхонаву_ширкатҳои_тавлидӣ_дар_вилояти_Хатлон
Алоқаи тоҷирони чинӣ барои сохти корхонаву ширкатҳои тавлидӣ дар вилояти Хатлон бештар шудааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Май 24, 2024 19:25 Asia/Dushanbe
  • Таваҷҷуҳи сармоягузорони чинӣ ба таъсиси корхона дар Хатлон
    Таваҷҷуҳи сармоягузорони чинӣ ба таъсиси корхона дар Хатлон

Алоқаи тоҷирони чинӣ барои сохти корхонаву ширкатҳои тавлидӣ дар вилояти Хатлон бештар шудааст.

Рӯзи 23 май намояндагони вилояти Хатлон бо намояндагони туҷҷору сармоягузорони Ҷумҳурии халқи Чин барои эҳдоси корхонаву ширкатҳои тавлидӣ ва эҷоди шуғл барои сокинон табодули назар карданд.

Дар ин мулоқот тарафайн дидгоҳҳои худро дар хусуси эҷоди ҳамкориҳои судманд дар ростои таҳаққуқи чаҳорумин ҳадафи миллӣ - саноатӣ шудани кишвар, аз ҷумла эҷоди корхонаҷоти саноатӣ дар миқёси вилояти Хатлон баён карданд.

Мушаххас шуд, ки ҳадаф аз ин дидор тавсеаи ҳамкорӣ байни корофаринони ду кишвар аст ва ин иқдом заминаи мусоид барои ғанисозии таҷрибаи тиҷорӣ мебошад.