Интихоби раиси ҳизби демакрат аз суи Вазорати Адлияи Тоҷикистон
(last modified Sun, 02 Jun 2024 08:28:15 GMT )
Июн 02, 2024 13:28 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раиси ҳизби демакрат аз суи Вазорати Адлияи Тоҷикистон
    Интихоби раиси ҳизби демакрат аз суи Вазорати Адлияи Тоҷикистон

Вазорати Адлия Шаҳбоз Аброрро ба унвони раиси ҳизби демакрати Тоҷикистон ба расмияти шинохт.

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз Азия Плюс, Вазорати Адлия Тоҷикистони пас аз мутолиаи тасмимоти марбутаи ҳаждаҳумин ҳамоиши фавқулода ҳизби демакрати Тоҷикистонро тасвиб ва як нусха аз санади расмии сабти аҳзоби сиёсиро ба номи раиси ҷадиди мунтахаби ин ҳизб ирсол кард.

Нишаст фавқулода ҳизби демакрати Тоҷикистон дар таърихи 10 май соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар ҷараёни он фаъолияти Сайдиҷаъфар Усмонзода раҳбари собиқи ҳизби демакратики халқ ки танҳо намояндаи порлумон аз ин ҳизб низ мебошад , номатлуб арзёби шуд.

Сайидҷаъфар Усмонзода ки дар ин нишаст фавқулод ширкат накарда буд, аз раёсати ҳизб барканор шуд. Вай конфаронс ва тасмимоти онро хилофи қонуни асосӣ хонд.

Шаҳбоз Аброр, раиси ҷадиди ҳизби демакрати халқ, ҳануз дар ин бора чизе нагуфта аст.