Июн 02, 2024 14:32 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо сокинони Муминобод
    Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо сокинони Муминобод

Раиси вилояти Хатлон Давлатали Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ва кишти картошка бо сокинони ноҳияи Муъминобод мулоқоту суҳбат намуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, раиси вилоят бо раванди истифодаи самарабахши заминҳои кишти кишоварзӣ дар мавзеи Чашмасор шинос шуд.

Бояд гуфт, ки заминҳои кишти кишоварзии мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддини Шоҳин дар  километри 18-уми шоҳроҳи Муъминобод-Кӯлоб ҷойгир мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки заминҳои кишти кишоварзии мавзеи Чашмасор дорои 5 хоҷагии деҳқонӣ буда, дар майдони 10 гектар картошка, 1 гектар пиёз ва 1,20 гектар лубиёгиҳо кишт шудааст. Ҳоло нашъунамои кишти зироати кишоварзӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.

Зимни суҳбат бо кишоварзон раиси вилоят изҳор намуд, ки омилҳои асосии баланд бардоштани иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин баланд бардоштани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва рушди бесобиқаи соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ва ноҳияро мебояд дар ин самт пайваста талош намоянд.

Барчасп