Июн 05, 2024 11:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории байни Тоҷикистону дафтари мубориза бо маводи мухаддиру ҷароими созмони милал дар Осиёи марказӣ
    Ҳамкории байни Тоҷикистону дафтари мубориза бо маводи мухаддиру ҷароими созмони милал дар Осиёи марказӣ

Ҳамкории байни Тоҷикистону дафтари мубориза бо маводи мухаддиру ҷароими созмони милал дар Осиёи марказӣ дар душанбеи мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Сироҷиддини Муҳриддин , вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 3 июн бо  намояндаи дафтари минтақаии мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид ( UNODC ) дар Осиёи Марказӣ дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориши “ Ховар ” , дар ин дидор , мавзӯъоти марбӯт бо фаъолиятҳои аслии дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид , дар умӯри Осиёи марказӣ барои солҳои 2022 - 2025 мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт .

Сироҷиддини Муҳриддин бо ибрози ризоят аз сатҳи кунунии ҳамкории байни Тоҷикистон ва дафтари муқобила бо маводи мухаддир ва ҷурми Созмони Милал , аз фаъолияти Ошито Метол ба унвони намояндаи минтақаии дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ ташаккур ва барои вай дар корҳои оянда орзӯӣ муваффақият кард .