Коршиносони тоҷик аз Ҳошимии Рафсанҷонӣ мегӯянд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11512-Коршиносони_тоҷик_аз_Ҳошимии_Рафсанҷонӣ_мегӯянд
Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2017 11:28 Asia/Dushanbe
  • Коршиносони тоҷик аз Ҳошимии Рафсанҷонӣ мегӯянд

Сиёсатмадори шинохта, собиқ президенти Эрон Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Теҳрон аз олам даргузашт. Замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эътироф карда буд.

Ба иттилои Азия-Плюс, сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов хотиррасон намуд, ки маҳз замони раҳбарии Рафсанҷонӣ Эрон яке аз нахустинҳо шуда истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф ва дар ҷумҳурӣ намояндагии дипломатии худро боз намуд.

“Дар он солҳо маҳз ба туфайли сиёсати Рафсанҷонӣ нахустин сармоягузориҳои Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон равона гардиданд. Собиқ президенти Эрон ва сиёсати роҳандозикардаи ӯ мардуми ҳарду кишварро, ки решаҳои ягона дошта, бар асари сиёсати болшевикӣ аз ҳам ҷудо гардида буданд, ба ҳам наздик кард”, - гуфт Ҳакимов.

Нуралии Давлат, таърихнигори тоҷик, гуфтааст, “вақте музокироти сулҳи миёни ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, Рафсанҷонӣ ва ҳукумати Эрон ҳамроҳи Русия талоши зиёд карданд, ки сулҳ дар Тоҷикистон барқарор шавад. Ба ҳамин хотир, дар моҳи майи соли 1997, пеш аз имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав, ӯ ба Тоҷикистон омад”.

Дар робита бо вафоти Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ҳукумати Эрон се рӯз мотам эълон карда, маросими видоъ бо ин сиёсатмадори маъруф дар Теҳрон ва Қум доир гардида, ӯ дар шаҳри Қум ба хок супурда мешавад.