Дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Вотикон
(last modified Wed, 12 Jun 2024 06:03:38 GMT )
Июн 12, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти масъулони кишварҳо бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии обу иқлим
    Мулоқоти масъулони кишварҳо бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии обу иқлим

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи сеюмин конфронси байналмилалии Даҳаи иқдоми “Об барои тавсеаи пойдор 2018 - 2028” бо Кардинал Петро Паролин, вазири умури хориҷаи Вотикон дидору гуфтугӯ кард. Дар ин гуфтугӯ, мавзӯоти тақвияту густариши ҳамкориҳои ду тараф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Мо аз ҳимояти Вотикон аз ибтикороти байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи обу иқлим бисёр қадрдонӣ мекунем ва ширкати Шумо дар рӯйдоди муҳими байналмилалии имрӯзро намунаи дигаре аз ин ҳимоят медонем.

Дар ин дидор тарафайн дар хусуси масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйироти обу ҳавоӣ, таъсири он бар муҳити зист, масоили камбуди оби ошомиданӣ ва коҳиши хисороти он ба иқтисоди кишварҳо табодули назар карданд.