«Моҳӣ дар қулоб» рӯнамоӣ шуд/ нахустин маҳсули муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Русия
(last modified Sat, 22 Jun 2024 08:46:16 GMT )
Июн 22, 2024 13:46 Asia/Dushanbe
  • «Моҳӣ дар қулоб» рӯнамоӣ шуд/ нахустин маҳсули муштараки Эрон, Тоҷикистон ва Русия

Филми синамоии «Моҳӣ дар қулоб» ба коргардонии Муҳиддин Музаффар ва таҳиякунндагии Амир Тоҷик ва Димитрий Пиркулов дар Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тайи як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон аз аввалин тавлиди муштараки синмоии шабакаи Айфилм бо шарикони тоҷик ва рус рӯнамоӣ шуд.

 Муртазо Шамсӣ, намояндаи муовинати бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Алиризо Ҳақиқиён- сафири Эрон дар Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Шоҳиён-мудири Тоҷикфилм, Обид Назариён-муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ва чеҳраҳои ҳунарӣ ва расонаии Тоҷикистон ва Русия дар ин маросим ҳузур доштанд.

  Муртазо Шамсӣ дар ин нишаст гуфт: Замоне буд, ки мо ва шумо наметавонистем ва иҷоза надоштем, ки ба забони форсӣ сӯҳбат кунем. Рӯдакии бузург бо кумаки амир Сомонӣ забон форсии моро дубора эҳё кард. Рӯдакиро падари шеъри порсӣ медонанд, чун то пеш аз ӯ эрониён ҳаққи истифода аз шеърро надоштанд. Ин мавзӯъ дар филми зиндагии Рӯдакӣ ҳам оварда шудааст.

 Шамсӣ ёдовар шуд: Расонаи ҷадид филм ва сериёл аст. Мо мӯҳтавои бузурге ҳамчун 80 ҳазор мавқеияти силаҳшӯрӣ дорем ва ҳеҷ тамаддуне дар дунё чунин фурсате надорад. Мо бояд аз ин фурсат истифода карда, бо якдигар ҳамдил шавем.

  Муҳаммадсаид Шоҳиён низ дар суханоне бо ишора ба талоши коргардони ин филм барои сохти асаре ба забони форсӣ баён кард: Шамъе, ки ӯ равшан карда бояд ба як шӯъла мубаддал шавад. Авомили ин филм ҳозир буданд 24 соата барои сохти он талош кунанд. Ман имрӯз ифтихор мекунам дар сарзаминамон метавонем чунин осореро бо ҳузури бародарони эрониамон бисозем. Мо бояд корҳои муштаракамонро зиёд кунем, мушкилот вуҷуд дорад, вале мо бояд даст ба кор шавем ва дар оянда корҳои мо беҳтару беҳтар хоҳад буд.

 Алиризо Ҳақиқиён-сафири Эрон дар Тоҷикистон дигар меҳмони ин маросим буд, ки ҳозиронро ҳамзабон, ҳамфарҳанг, ҳамтабор ва хешованд хонд ва гуфт: Хушҳолам, ки имрӯз шоҳиди як ҳамкории муштарак дар арсаи синамо ҳастем. Бо ин абзорҳое, ки дар хидмати ду кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг вуҷуд дорад, мо метавонем сармоя ва фарҳанги азими муштараки байни ду кишвар ва як миллатро ба дунё арза кунем. Тоҷикистон фурсатҳои бисёре барои ҳамкории муштарак дар арсаҳои ҳунарӣ дорад, ки бояд шиносоӣ шаванд.

 Вай афзуд: Хушбахтона равобити ду кишвар дар ҳама арсаҳо рӯ ба пешрафт аст ва бояд ҳамкории фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи вежа қарор бигирад ва бояд аз ин таърих, фарҳанг ва забони муштарак ниҳояти истифодаро бурда ва ин ифтихори чандҳазорсолаи худро ба дунё арза кунем.

 Дар идома Обид Назариён ҳам бо баёни инки муаррифи як асар, мухотиби он аст, изҳор кард: Одамизод синаморо ихтироъ кард ва имрӯз бо пешрафтҳое, ки ба онҳо расидаем, рақобат бар сари истеъдод аст ва хушҳолам Муҳиддин Музаффар-коргардони боистеъдоди Тоҷикистон ҳамфикрони худро дар Эрон пайдо кардааст. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ аз ин иттифоқ бисёр хурсанд аст.

 Филми синамоии «Моҳӣ дар қулоб»-маҳсули муштараки шабакаи Айфилм ва ширкати Сикоп аз Эрон бо ҳамкории ширкати Довфилми Тоҷикистон ва Амкорти Русия аст, ки ба муддати 105 дақиқа дар ихтиёри мухотабони байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Нахустин экрони синамоии филм дар Эрон хоҳад буд.