Касби 9 медоли варзишкорони тоҷик дар “ БРИКС 2024 “
(last modified Mon, 24 Jun 2024 06:10:09 GMT )
Июн 24, 2024 11:10 Asia/Dushanbe
  • Касби 9 медоли варзишкорони тоҷик дар “ БРИКС 2024 “
    Касби 9 медоли варзишкорони тоҷик дар “ БРИКС 2024 “

Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти варзишии кишварҳои БРИКС 2024 муваффақ ба касби 9 медал шуданд .

Ба гузориши Ховар ба нақл аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши зери назари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон , Варзишкорони Тоҷикистон дар бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС - 2024 дар риштаи куштии озод ва классики 9 медал касб карданд.

Бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС - 2024 аз 12 то 23 июн дар шаҳри Казани Ҷумҳурии Тотористони федерасиюни Рӯсия баргузор шуд ва 110 варзишкор аз Тоҷикистон дар он ширкат карданд .

Бозиҳои варзишӣ барои аввалин бор дар қолаби ҷадид баргузор шуд, ки тайи он варзишкороне аз кишварҳои БРИКС ва ҳамчунин варзишкороне аз чандин кишвар даъват шуда аз сӯйи мизбони ин мусобиқоти сатҳи боло ба рақобат пардохтанд .

Ин бозиҳои варзишии 4000 варзишкор аз 100 кишварро гирди ҳам оварад .