Идомаи музокироти Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари роҳи оҳани ҷануб
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11656-Идомаи_музокироти_Тоҷикистон_ва_Узбакистон_бар_сари_роҳи_оҳани_ҷануб
Мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон ҳанӯз ҳам бар сари аз саргирии ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани ҷануб, ки вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарёро ба ҳам муттасил мекунад, ба тавофуқ нарасидаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 12, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи музокироти Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари роҳи оҳани ҷануб

Мақомоти ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Узбакистон ҳанӯз ҳам бар сари аз саргирии ҳаракати қаторҳои роҳи оҳани ҷануб, ки вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарёро ба ҳам муттасил мекунад, ба тавофуқ нарасидаанд.

Ба гузориши сойти Азия плюс, мақомоти ин вазоратхона гуфтаанд, ки музокирот бо ҳамтоёни узбакистонии онон дар мавриди бозсозии шохаи роҳи оҳани ҷануб, ки дар соли 2012 ба таври якҷонба аз сӯи давлати Тошканд тахриб шуда буд, идома дорад.

Масъулини ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон умедвор буданд, ки дар нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар, ки дар моҳи декабри соли гузашта (2016) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ин маврид бо ҷониби Узбакистон тавофуқ хоҳад шуд. Аммо баррасии ин мавзуъ дар дастури кори ин нишаст қарор нагирифт.

Мақомоти Узбакистон дар соли 2012 бо тахриби ин қисмат аз роҳи оҳан амалан иртиботи рейлии вилояти Хатлони Тоҷикистон бо хориҷро қатъ карданд. Дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон бо сохти роҳи оҳани ҷадид аз марказ ин кишвар бо Хатлон, ин минтақаро аз бунбасти рейлӣ хориҷ кардааст. Аммо роҳи оҳани ҷануб миёни Тоҷикистон ва аз Покистон масири кӯтоҳ ва муносиб барои интиқоли мусофир ва коло ба ҳисоб меояд, ки дар сурат аз саргирии ҳаракати қаторҳо дар ин самт, метавонад суди фаровони иқтисодӣ барои ҷануби Тоҷикистон дошта бошад.