Барканории хеши Убайдуллоев дар тағйироти нави кадрӣ  
(last modified Mon, 16 Jan 2017 10:39:03 GMT )
Январ 16, 2017 15:39 Asia/Dushanbe
  • Барканории хеши Убайдуллоев дар тағйироти нави кадрӣ  

Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини шаҳри Душанбе Сайҳомид Маҳмудов, аз наздикони Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раҳбарии “МПТИ” барканор кардааст.

Ба иттилои “Озодагон”, Саидҳомид Маҳмудов, ки қаблан ҳамчун раиси “Q-Net”-у "7 бурҷ" вирди забон шуда буд, охири ҳафтаи гузашта аз мақоми раиси Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе-“МПТИ” барканор гардид. Ба ҷои ӯ Толиб Мирзораҳимов иҷрокунандаи вазифаи раиси “МПТИ” таъин шудааст.

Сайҳомид Маҳмудов, ки қаблан роҳбарии ширкатҳои баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет)-у "7 бурҷ" дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, моҳи июли соли 2014 зимни як ҳамоиш тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.

Ӯ он замон изҳор дошт, ки бо Убайдуллоев пайванди хешу таборӣ дорад, вале ӯ ҳимояту пуштибонии раиси Душанберо аз ширкати Q-Net қатъиян рад кард: “Ин овозаҳо, ки гӯиё Убайдуллоев пуштибони Q-Net аст, хато мебошад. Ӯ то рӯзҳои наздик ҳатто намедонист, ки чунин ширкат дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ё на? Намедонист, ки ман дар ин ширкат кор мекунам. Гӯем, ки умуман дар бораи Q-Net фаҳмиш надорад, дуруст аст. Ахиран худам камубеш ба ӯ иттилоъ додам...”

Тағйироти кадрӣ дар шаҳрдорӣ дар ҳолеянд, ки 12-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз мақоми раиси Душанбе барканор карда, ба ҷойи ӯ писари бузургаш Рустами Эмомалиро раиси пойтахт таъин намуд.

 

Барчасп