Январ 16, 2017 17:49 Asia/Dushanbe
  • Русия тарҳи ҳуқуқи нафақаи когарони муҳоҷирро рад кард

Русия тарҳи пешниҳодии Тоҷикистон барои пардохти ҳуқуқи нафақаи коргарони муҳоҷирро напазируфтааст.

Ба гузориши сойти Авесто, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Русия тарҳи пешниҳодӣ барои пардохти ҳуқуқи нафақаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишварро напазируфта ва барои такмил бозпас фиристодааст.

Мақомоти Русия гуфтаанд, бархе аз бандҳои ин тарҳ бо қавонини Русия мухолифат дорад ва бояд ислоҳ шавад.

Назокат Одиназода-муовини аввали раиси ҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон рӯзи 16 январ дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва пешниҳоди дубораи ин тарҳ омода мешавад.

Ин тарҳ миёни Тоҷикистон ва Русия моҳи августи соли гузашта, ниҳоӣ шуда буд ва он замон мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфта буданд, ки коршиносони ду тараф иҷроии ин тарҳро ҳамоҳанг мекунанд.

Муҳоҷирати коргарони тоҷикистонӣ ба Русия тақрибан аз 20 соли пеш оғоз шуд ва ҳамакнун касоне, ки ба синни нафақа расидаанд аз ҳеҷ гуна тазмини иҷтимоӣ ё ҳаққи бознишастагӣ бархӯрдор нестанд.

Тибқи тарҳи пешниҳод шуда аз ҷониби Тоҷикистон ба Русия, коргарони муҳоҷире, ки ба таври қонунӣ дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд, бояд ба давлати Русия молиёт пардохт кунанд ва ҳукумати Тоҷикистон низ дар давраи бознишастагии онон, ин маболиғро аз Русия бигирад ва ба ҳисоби коргарони муҳоҷири бознишастааш ворез кунад.

Дар ин тавоқуфнома ҳамчунин пешбинӣ шуда буд, ки Сандуқи иҷтимоии Русия, ҳуқуқи бознишастагиро барои коргарони муҳоҷири бознишастаи тоҷикистонӣ таъйин хоҳад кард.

Дар сурати имзои ин созишнома, 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт хоҳанд кард.

 

Барчасп