Тарҳи табдили даромади муҳоҷирони кории тоҷик ба сармоягузорӣ
Намояндаи Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон (ФАО) бар зарурати табдили даромадҳои муҳоҷирони кории ин кишвар ба сармоягузорӣ дар бахшҳои тиҷорат ва сохти корхонаҳои хурд таъкид кард.
Ба гузориши “Спутник”, Виорел Гутсу гуфтааст, ки Созмони ФАО дар Тоҷикистон тарҳеро дар ҳоли иҷро дорад, ки ба коҳиши вобастагии ин ҷумҳурӣ ба даромади муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия мунҷар хоҳад шуд.
Гутсу бо баёни ин ки бештар хонаводаҳои Тоҷикистон ин даромадҳои ирсолиро барои хариди маводи ғизоӣ, мошин, замин ва хона масраф мекунанд, афзуд: “Бар асоси тарҳи ФАО талош мешавад, ки хонаводаҳо аз ин манобеи молӣ барои рушди бахши кишоварзӣ, сохти корхонаҳои хурд ва тиҷорат истифода кунанд”.
Ба гуфтаи Гутсу, ин тарҳ аз имсол амалӣ хоҳад шуд ва бар асоси он хонаводаҳои тоҷикистонӣ метавонанд дар роҳандозии як фаъолияти тавлидӣ ва тиҷорӣ бо ҳазинаи 10 ҳазор доллар, 5 ҳазор доллар сармоягузорӣ кунанд, ки дар ин сурат ФАО низ 5 ҳазор доллари боқимондаро таъмин хоҳад кард.