Январ 19, 2017 10:39 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи афзоиши тавлиди пахта дар Тоҷикистон

Вазири кишоварзии Тоҷикистон пешбини кард, имсол тавлиди пахта дар ин кишвар афзоиш ёбад.

Ба гузориши сойти Авесто, Иззатуллҳ Сатторӣ дар нишасти хабарии ахири мақомҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар Душанбе, гуфт, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 162 ҳазор гектар аз заминҳо ба кишти пахта ихтисос ёфт ва имсол ин омор ба беш аз 173 ҳазор гектар хоҳад расид.

Сатторӣ гуфт, аз ин ҳисоб бардошти 350 ҳазор тон пахта барномарезӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016, 30 ҳазор тон бештар хоҳад буд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон муътақид аст, ки бояд мавзуи тавлиди тухмии муносиби пахта бо таваҷҷӯҳ ба ёфтаҳои илмии ахир, дар пажӯҳишгоҳи улуми кишоварзии ин кишвар маврид баррасӣ қарор гирад.

Дар Тоҷикистон дар даврони пеш аз истиқлол, аз ҳудуди 500 ҳазор гектар замини пахта, солона беш аз 930 ҳазор тон маҳсул бардошт мешуд.

Дар он даврон аксари сокинони минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон дар ҷануби кишвар ба кишт ва бардошти пахта машғул буданд.

Имрӯза набуди сармоя, суди болои қарзҳои бонкӣ, фарсудагии мошинҳои кишоварзӣ, гаронии сӯхт ва нуриҳои менералӣ ва низ поин будани нархи хариди пахта аз сӯи ширкатҳои давлатӣ сабаб шудааст, ки дар солҳои ахир бештари кишоварзони тоҷикистонӣ кор дар Русияро ба кишти пахта дар кишвари худ тарҷеҳ диҳанд.

 

Барчасп