КҲФ: Рахна шудани садди “Сарез” баъид аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, хатари рахнашавии кӯли “Сарез”, воқеъ дар миёни кӯҳҳои Бадахшони ин кишвар баъид аст.
Рустам Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, вазъи кӯли “Сарез” ба сурати доимӣ бо истифода аз фанновариҳои муосир ва иртиботи моҳвораӣ таҳти назорат қарор дорад. Ба гуфтаи Рустам Шоҳиён, садди табии кӯли “Сарез”-ро танҳо зилзилаи аз 9 дараҷаи Рихтер боло қодир аст, тахриб кунад ва дар ин ҳолат низ иттифоқ афтодани чунин ҳодиса баъид аст.
Бояд гуфт, кӯли «Сарез» соли 1911 бар асари заминҷунбии шадиде, ки дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон рух дод, ба вуҷуд омадааст. Тӯли кӯли “Сарез” наздик ба 60 км буда, умқи он дар баъзе манотиқ то 500 мерт мерасад. Кӯли мазкур дар байни кӯҳҳои Бадахшон, дар баланди 3263 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, ҳаҷми оби он наздики 17 миллиард метри муккааб арзёбӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар сурати тахриби садди табиии кӯли “Сарез” ва сарозер шудани оби он наздики 6 миллион нафар аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ осеб хоҳанд дид.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки дар соли 2016 дар ин кишвар 55 ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст. Бар асари ин ҳаводис 20 нафар кушта шуда ва ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи беш аз 160 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.