Ҳукми зиндон барои ду узви як созмони ифротӣ дар Суғд
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар витлояти Суғд, ду сокини ин минтақаро ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротии Ҳаракати исломии Узбакистон ба зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сойти Авесто, ба гуфтаи Боҳирҷон Зоҳирзода-қозии ин додгоҳ, бар асоси шавоҳид ва мадорик, узвияти А.Алимбаев 30 сола ва И. Шодиеви 36 сола дар заминаи узвият дар гурӯҳи ифротии Ҳаракати исломии Узбакистон исбот шуда ва ҳар як аз онон ба 5 сол зиндон маҳкум шудаанд.
Вай таъкид кардааст, ки ин ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз соли 2004 ба гурӯҳи ифротии Ҳаракати исломии Узбакистон пайваста ва то замони боздошташон ба таблиғи афкори ин созмон машғул будаанд. Мақомоти амниятии вилояти Суғд, ин ду нафарро ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротии Ҳаракатии исломии Узбакистон, дар соли гузашта (2016) боздошт карда буданд, ки ахиран додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукми 5 сол маҳкумият барои ҳар як аз ононро эълом кард.
Фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон бар асоси ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон, аз соли 2005 дар қаламрави ин кишвар мамнуъ мебошад.