Август 03, 2016 16:45 Asia/Dushanbe

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни радди хабарҳо аз баста шудани бархе сомонаҳои хабарӣ дар ин кишвар гуфт, дар сурати бастани сомонаҳои хабарӣ аз сӯи ширкатҳои мобилӣ, онҳоро муҷозот хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҷонибек Додомедов, мудири раёсати танзими Хадамоти алоқа дар нишасти хабарии ин ниҳод бо баёни ин матлаб афзуд, дар Тоҷикистон бо дастури ин хадамот дастрасӣ ба беш аз 100 сомонаи мубаллиғи хушунат ва фаҳшо масдуд шуда, аммо ҳеч сомонаи хабарӣ баста нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин  нишасти хабарӣ хабарнигорони "Азия-плюс", "Озодагон" ва радиои "Озодӣ" аз масдуд будани сомонаҳои худ шикоят доштанд. Онҳо гила карданд, ки Хадамоти алоқа тӯли шаш моҳи гузашта ба номаҳои шикоятии онҳо посух надодааст.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ин нишаст ҳамчунин иттилоъ доданд, ки бар асари таъсири буҳрони молӣ тайи як соли гузашта мизони корбарони интернет дар ин кишвар то 1 миллион нафар коҳиш ёфтааст.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз симкорти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар манотиқи ҳамарзи Афғонистон, пахши сигнол тавассути антеннаҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба самти Афғонистон қатъ ва ё самти пахши сигноли мавҷгирҳо тағйир кардааст.

Гуфтанист дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мизони хадамоти иртиботӣ бо назардошти ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистон 1миллиарду 48,3 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 16 дарсад камтар мебошад.

 

Барчасп