Зойиров хостори озодии Шӯҳрат Қудратов аз зиндон шуд
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бо ирсоли номае ба додситони кулли ин кишвар, хостори озодии Шӯҳрат Қудратов-вакили мудофеи Зайд Саидов, фаъоли бахши хусусии ин ҷумҳурӣ шудааст.
Раҳматуллоҳ Зойиров дар саҳфаи Фейсбук, дар номае хитоб ба Юсуф Раҳмон-додситони кулли Тоҷикистон бо беасос унвон кардани иттиҳомоти Шӯҳрат Қудратов, озод нашудани ин вакили мудофеъ бар асоси Қонуни афви умумӣ ба муносибати 25-умин солрӯзи истиқлоли ин ҷумҳурӣ, дар моҳи сентябри соли гузаштаи 2016-ро нақзи қавонини ҳуқуқии ин кишвар донистааст.
Вай дар ин нома таъкид кардааст, ки аз ибтидо мушаххас буд, ки тарҳи иттиҳоми талош барои дарёфти ришва алайҳи Шӯҳрат Қудратов комилан сохтагӣ буд. Аммо бар асос қонуни ҷадиди афви умумӣ дар Тоҷикистон, бояд афроде, ки ҳукми зиндони онон на бештар аз 2 сол бошад, озод мешуданд. Дар ҳоле, ки дар замони интишори қонуни афви умумӣ дар Тоҷикистон, то поёни муддати маҳкумияти Шӯҳрат Қудратов, 1 солу 9 моҳ боқӣ монда буд. Аз ин рӯ, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки озод нашудан Шӯҳрат ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳокӣ аз нақзи қавонини ҳуқуқии ин кишвар мебошад.