Январ 26, 2017 19:21 Asia/Dushanbe
  • Баҳси Кумитаи андоз бо ширкати

Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати мухобиротии “Билайн”-ро ба пардохти 354 миллион сомонӣ андоз муваззаф кардааст.

Мария Веторази, сухангуи ширкати “Биллайн” дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ таъкид кардааст, ки дар соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон алайҳи ин ширкат барои пардохти молиёт муодили 45 миллион доллар даъво пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти молиётҳои пардохтшуда дар соли гузашта, дар маҷмӯъ, мизони пардохтҳо ба 78 миллион доллар баробар мешавад, дар ҳоле ки даромади умумии ширкати “Билайн” дар соли 2016 ҳамагӣ 68 миллион доллар будааст. Ин манбаъ афзудааст, ки ширкати мазкур бо мусодираи тамоми маблағҳои гардишии худ рӯ ба рӯ шуда, ба хисороти молӣ ва аз даст додани захираҳои сармоягузӣ дучор гардидааст. Мария Веторази ёдовар шудааст, ки гурӯҳи ширкатҳои “Вимпелком”, ки молики “Билайн” аст, аз соли 2005 бад-ин сӯ ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 300 миллион доллар сармоягузорӣ карда, дар ин муддат ба маблағи 280 миллион доллар молиёт пардохт кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод даъво аллайҳи ширкатҳои мухобиротиро тайид карда, гуфт, дар ширкати “Билайн” пинҳон кардани молиёт ба маблағи 151.3 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Ҳамзамон Давлатзода гуфт, ки баҳсҳои додгоҳӣ бо ширкати “Билайн” ба нафъи Кумитаи андоз ҳал шуда ва ширкати мазкур то кунун 80 дарсади маблағи мазкурро пардохт кардааст. Аз сӯи дигар раиси Кумитаи андоз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамчунин ширкати мухобиротии “Мегафон” ва “Тселл” низ барои пинҳон кардани молиёт ҳар кадом ба пардохти 155 миллион сомонӣ мувазаф шудаанд.

Қабл аз ин ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия - молики ширкати мобилии “Тселл” дар Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот гуфт буд, ки мақомоти андоз ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи масъулини “Telia Sonera”, ин талаби мақомоти андози Тоҷикистон ширкати “Тселл”-ро таҳти фишори шадиди молиявӣ қарор медиҳад. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ширкати “Тселл” дар робита ба ин масъала ба Кумитаи андоз вориди баҳси додгоҳӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июли соли 2015 Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои Кумитаи андозро қонеъ карда, ширкати мухобиротии  "Babilon-Mobile"-ро ба пардохти 337 миллион сомонӣ молиёт муваззаф карда буд.

​Гуфтанист, айни замон дар бозори хадамоти телефонҳои ҳамроҳ дар  Тоҷикистон 4 ширкати бузург - “Вавилон”,  “Tcell” ва ширкатҳои русии “Мегафон”-у “Beeline” фаъолият доранд.