Бозрасии фаъолияти шаҳрдории Душанбе аз сӯйи Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон
(last modified Fri, 27 Jan 2017 16:13:07 GMT )
Январ 27, 2017 21:13 Asia/Dushanbe

Муовини Ожонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъкид кард, ки фаъолияти молии шаҳрдори Душанбе бозрасӣ хоҳад шуд.

Абдукарим Зарифзода, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон  рӯзи 27-уми январ дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва Рустами Эмомалӣ, раиси ҷадиди шаҳри Душанбе бозрасии ғайринавбатии истифодаи пули буҷа дар шаҳрдории пойтахт анҷом мешавад. 

Масъулини Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон гуфтанд, ки ба хусус раванди иҷрои тарҳи мавсум ба “Манзили дастрас” мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бояд гуфт, ки тарҳи "Манзили дастрас" соли 2013 бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе рӯйи даст гирифта шуд ва қарор буд, ки нахустин манзилҳои маскунии арзон дар моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо кунанд.

Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро бо ҳадафи таъмин намудани намояндагони  фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони ниҳодҳои буҷавӣ бо манзилҳои арзон роҳандозӣ намуда буд.

Аммо баъди тӯл кашидани корҳои сохтмонӣ бархе аз саҳмдорон бо нигаронӣ аз он ки дар охир ҳам бехона ва ҳам бепул намонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои пардохткардаи хеш шудаанд.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе баъди бист сол, рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ аз мақоми шаҳрдори Душанбе барканор шуд ва Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрдори пойтахти ин кишвар таъйин шуд.

 Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ гузориш медиҳад: