Идигул Қосимзода: Ҳиҷоб моли фарҳанги бегона аст
(last modified Sat, 28 Jan 2017 05:24:36 GMT )
Январ 28, 2017 10:24 Asia/Dushanbe
  • Идигул Қосимзода: Ҳиҷоб моли фарҳанги бегона аст

Раиси Кумитаи умури занон ва оилаи Тоҷикистон ҳиҷоби исломиро моли "фарҳанги бегона" номид.

Ба гузориши хабаргузории “Азиа плюс”, Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе муддаӣ шуд, ки ҳатто доштани рӯсариҳои бузурги суннатие, ки занони тоҷик барои пӯшондани қисматҳое аз сару гардани худ истифода мекунанд, либоси миллии бонувони ин кишвар нест ва таблиғи фарҳанги бегона аст. Раиси Кумитаи умури занон ва оилаи Тоҷикистон бидуни ишора ба дастуроти шаръ барои ҳиҷоб иддао кард, ин ки хонаводаҳо, занону духтарон худро ба пӯшиши исломӣ водор мекунанд, нақзи ҳуқуқ занон аст.

Ин дар ҳолест, ки либоси мавриди назари Ҳукумати Тоҷикистон барои занон аз даврони ҳукумати шӯравӣ таҳмил шуда ва ҳеҷ иртиботе бо фарҳанги миллии чандҳазорсолаи мардуми ин сарзамин надорад. Зимнан коршиносони масоили иҷтимоӣ бар ин боваранд, ки дар солҳои ахир дар Тоҷикистон ситез бо пӯшиши исломии бонувони тоҷик бо шиори "мубориза бо фарҳанги бегона" ба маротиб бадтар ва шадидтар аз даврони шӯравӣ шудааст.

 

Барчасп