Афзудани 51 ҳазор нафар ба феҳрасти бекорони Тоҷикистон
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта беш аз 51 ҳазор нафарро вориди феҳрасти бекорон кардааст.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, беш аз 122 ҳазор нафар соли гузашта дар ҷустуҷӯи кор ба ин вазорат муроҷиа карданд, ки аз ин теъдод ба 51 ҳазору 299 нафар ҳуқуқи бекорӣ тааллуқ гирифт ва бақия барои кор ба дастгоҳу ниҳодҳои мухталиф муаррифӣ шуданд. Сумангул Тағойзода афзуд, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли мардум” дар манотиқи мухталифи ин кишвар 702 бор бозори корёбӣ барпо кард, ки дар ин бозорҳо беш аз 5 ҳазору 600 нафар ба кор ҷалб ва беш аз 6 ҳазор нафари дигар низ барои гузаронидани давраҳои омӯзишии маҳоратӣ, фаннӣ ва ҳунарӣ ба омӯзишгоҳҳои фаннӣ ва ҳирфаӣ муаррифӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин дар соли 2016 дар доираи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғл мардум” 18 ҳазору 540 нафар ба сурати ройгон дар марказҳои омӯзишии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш дидаанд.