Воридоти Тоҷикистон дар соли 2016 се баробари содирот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12709-Воридоти_Тоҷикистон_дар_соли_2016_се_баробари_содирот
Дар соли гузашта мизони воридоти Тоҷикистон ба 3 миллиарду 30 миллион доллар расид, ки дар қиёс бо содирот 3 баробар бештар аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 30, 2017 10:20 Asia/Dushanbe
  • Воридоти Тоҷикистон дар соли 2016 се баробари содирот

Дар соли гузашта мизони воридоти Тоҷикистон ба 3 миллиарду 30 миллион доллар расид, ки дар қиёс бо содирот 3 баробар бештар аст.

Ба иттилои Авесто, масъулони Ожонсии омори Тоҷикистон мизони содироти ин кишварро дар соли 2016 ҳудуди 900 миллион доллар эълом кардаанд, ки камтар аз як сеюми мизони воридот аст .

Ин ниҳод афзудааст, кишварҳои аслӣ, ки Тоҷикистон дар соли 2016 аз онҳо коло ворид кардааст, Русия, Чин ва Қазоқистон ҳастанд .

Ба гуфтаи масъулони Ожонсии омори Тоҷикистон, шарикони аслии тиҷорати ин кишвар дар содироти коло дар соли гузашта кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Афғонистон, Швейтсария ва Русия буданд .

Гуфта мешавад, ки колоҳои содиротии Тоҷикистон ба таври умда аломинийи хом, нахи пахта ва хушкмева аст .

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон барномаи 10 солаеро бо ҳадафи афзоиши содироту коҳиши тавозуни манфии тиҷорати хориҷӣ то соли 2020 таҳия карда буд ва бар асоси он қарор буд, ҳаҷми содирот то соли 2015 ба беш аз ду миллиард доллар бирасад, аммо ин барнома иҷроӣ нашуд .

Дар соли 2015 низ аз 3.5 миллиард доллар мизони тиҷорати хориҷӣ танҳо ҳудуди 800 миллион доллар ба содирот тааллуқ гирифт ва бақияи саҳми воридот буд .