Январ 30, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Душанбе ба қутби гардишгарӣ табдил мешавад

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузориши ин маҷаллаи русӣ, 5 шаҳр дунё аз ҷумла Душанбе пойтахти Тоҷикистон, София, пойтахти Булғористон, Бухарести Руминия, Косабланка ва Бостони ИМА дар оянда пазирои сайёҳони зиёде хоҳанд буд.

Ин маҷалла, Душанберо дар байни ин шаҳрҳо дар рутбаи аввал қарор додааст.

Ба навиштаи манбаъ Тоҷикистон кишваре аст, ки гардишгарони каме аз он дидан мекунанд, аммо агар касе ба думболи табиати кӯҳистонии пок ва ором аст, ҳатман бояд ба ин шаҳр сафар кунад.

Душанбе дар нигоҳи ин маҷалла дарвозае аст барои онҳое, ки орзӯи дидани кӯҳҳои баланди минтақаи «Помир» ва ошноӣ бо ганҷинаҳои бозмонда аз замони Зардуштро доранд.

Ин маҷалла ҳамчунин боздид аз хонаҳои таърихӣ ва осори бостонии воқеъ дар Душанберо ба гардишгарон тавсия карда ва навиштааст, бузургтарин ҳайкали “Буддо” дар Осиёи Марказӣ дар ин шаҳр қарор дорад.

Барчасп