Оғози билетфурӯшӣ барои парвози Душанбе - Тошканд
Саранҷом пас аз 25 сол, тилисми фурӯши билет барои сафари ҳавоӣ дар масири душанбе - Тошканд шикаста шуд.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе эълом кард, иртиботи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар аз даҳуми феврал шурӯъ мешавад ва фурӯши билет барои парвозҳои ин масир оғоз шудааст.
Бар асоси ин гузориш, ширкати тоҷикистонии “Сомон Эйр”, як рӯз дар ҳафта ва дар рӯзҳои ҷумъа мусофиронро дар масири Душанбе - Тошканд – Душанбе ҷо ба ҷо мекунад.
Худоёр Худоёрзода-вазири нақлиёт ҳам имрӯз гуфт, тибқи тавофуқи дуҷониба дар масири Душанбе – Тошканд, бояд дар нимсолаи аввали имсол оғоз шавад.
Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ганҷалзода-муовини вазири нақлиёт гуфтааст, ҳамакнун ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоли ифтитоҳи намояндагиҳои худ дар ду кишвар ҳастанд.
Санади ҳусни тафоҳум дар бораи аз саргирии парвозҳо дар масири Душанбе ба Тошканд, 28 декабри гузашта дар нишасти комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон - Узбакистон дар Душанбе ба имзо расид.