Январ 31, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳмон бар додани имтиёз ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, барои афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар иҷрои барномаи роҳбурдии Рушди миллӣ то соли 2030 бояд ба ин бахш имтиёз дода шавад.

Ба гузориши сайти итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳафдаҳумин нишасти Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар ин кишвар, мушкилоти дастрасӣ ба барқу нобасомонӣ дар низоми бонкиро аз умдатарин мавонеи рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон унвон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки бар асоси гузориши ниҳодҳои молии байналмилалӣ, дар Тоҷикистон барои васли корхонаҳову марказҳои тавлидӣ ба шабакаи барқи саросарӣ, таъйиди 9 идораву 133 рӯз замон ниёз асту ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина дар миёни 190 кишвар дар ҷойгоҳи 173 -юм қарор гирифтааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нобасомониҳо дар низоми бонкӣ, боло будани суди бозпардохти вомҳову эиътиборотро аз дигар мавонеи фаъолияти бахши хусусӣ дар ин кишвар донисту афзуд, фаъолони бахши хусусӣ дар Тоҷикистон бояд вомҳову эиътибороти бонкиро бо суди 25 дарсад ва 20 моҳа бозпас гардонанд, ки ин вазъ сабаби нотавонӣ дар пардохти бамавқеъ ва низ беэътимодии бахши хусусӣ ба низоми бонкӣ мешавад.

 

Барчасп