Баррасии матбуоти Тоҷикистон 03.02.2017
Қонуни танзими расму ойинҳо дар Тоҷикстон, азсаргирии парвозҳо байни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва осонсозии судури визои Тоҷикистон барои мутақозиёни сафар ба ин кишвар аз муҳимтарин матолиби дарҷшуда дар матбуоти ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.
Нашрияи “СССР” дар сутуни сардабирии худ дар посух ба гилаи як хонандаи нашрия дар мавриди ривоҷи расму қоидаҳои нав ҳангоми дафни мурдаҳо иллати ин амрро бархоста аз қонуни танзим донистааст. Ба навиштаи “СССР” қонуни танзими расму ойинҳо дар ин кишвар омили салафиву ваҳҳобӣ дорад, зеро маҳз ҳамин ҷараёнҳо мухолифи хайру худоӣ ҳастанд. “СССР” дар идома менависад: “Метарсам, кор то ҷое расад, ки чун ваҳҳобиҳо умуман мурдаҳоро фаромӯш карда, санги марқадашонро канда напартоем! “СССР” муътақид аст, ки сарфу хароҷоте, ки қаблан ҳангоми анҷоми маросими дафни майит сурат мегирифт, ба маротиб осонтар ва сабуктар аз бидъатҳоест, ки баъди ҷорӣ шудани қонуни танзим дар кишвар ба вуҷуд омадааст. “СССР” дар поёни матлаб таъкид кардааст, ки ба пиндори шахсии сардабир ҳар қонуне, ки миёни ҷамъият ниёз ба маъракаи фаҳмондадиҳӣ дорад, зиддиурфӣ ва антифарҳангӣ аст. Монанди танзим, никоҳи хешу таборӣ ва ғайра, ки бояд лағв шаванд. “СССР” дар ниҳоят ба мақомот ҳушдор додааст, ки ба фарҳанг ва расму ойинҳои суннатии мардум дахолат накунанд, ки оқибати нек надорад.
Нашрияи “СССР” ҳамчунин дар мавриди азсаргирии парвозҳо миёни Душанбеву Тошканд хабар дода менависад: “Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шуруъ аз 20.02.2017 парвозҳояшро дар самти Душанбе-Тошкант-Душанбе оғоз мекунад. 10 феврал парвози нахустини ин ширкат дар масири Душанбе-Тошкант-Душанбе сурат гирифта дар назар аст тавассути ин парвоз роҳбарияти соҳаи авиатсияи кишвар, худи ширкати номбурда ва фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба Тошкант сафар намуда, бо ҳамтоёни ӯзбак масоили роҳандозии парвозҳоро дар 2 самт баррасӣ намоянд.
Ба навиштаи “СССР”, вақти парвоз тахминан соати 10:00-и вақти маҳаллӣ буда, парвози баргашт аз фурӯдгоҳи Тошкант соати 12:00 ба назар гирифта шудааст.
То охири мавсими зимистон парвозҳои ин ширкат ҳафтае 1 маротиба, рӯзи душанбе сурат гирифта дар мавсими тобистона ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе сурат хоҳад гирифт.
Бояд хотиррасон намуд, ки парвозҳо байни Тоҷикистону Ӯзбакистон аз соли 1992 қатъ гашта, ба ҳукуматҳои 2 кишвар танҳо дар соли 2016 муяссар шуд дар бораи роҳандозии дубораи ин хатсайри ҳавоӣ ба тавофуқ бирасанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” бо такя ба манобеи худ дар Вазорати умури хориҷа, аз содасозии раванди дарёфти визаи ин кишвар иттилоъ дода менависад: “Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2017 дар намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҷорӣ карда шуд. Он аз 1-уми феврали соли 2017 ба ҳукми қонун даромад. Аз ин ба баъд шаҳрвандони 78 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонанд ба тариқи соддашуда ва электронӣ визаи Тоҷикистонро дарёфт намоянд”.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре дар бораи сафари қарибулвуқуи Владимир Путин, президенти Русия ба Душанбе навиштааст, ки мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҷараёни сафари Владимир Путин – президенти Русия ба Душанбе имзои чанд созишнома дар назар аст. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол дар ҷараёни сафари Владимир Путин масъалаи вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, созмони таҳти назорати Кремл баррасӣ шавад. Русия солҳо боз аз Тоҷикистон хостааст, то шомили ин иттиҳод гардад, вале Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфт, “ин масъала ҳанӯз дар дасти баррасӣ аст ва Душанбе таҷрибаи кишварҳои дигари узвро меомӯзад”.
Нашрияи “Озодагон” дар матлабе таҳти унвони “Замоне модарони тоҷик таҳқир мешаванд” ба суханони ахири раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ин гуна изҳори назарро таҳқири бонувони тоҷик дониста, хостори узрхоҳии Идигул Қосимова аз занону модарони тоҷик шудааст. “Озодагон” дар ин матлаб навиштааст: “Ба ростӣ ҳеч бовар кардан намехоҳам, ки ҳарфҳои зикршударо раиси Кумитаи кор бо занон ва оила гуфта бошад. Ин суханон тавҳини аксари занони миллат аст. Ин суханҳо аз нақзи ҳуқуқи конститутсионӣ то таҳрифи фарҳанги миллӣ ва тавҳин ба як рукни муҳими дин аст. Сониян, аз роҳбари Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Озода Эмомалӣ ва ҳамсари раисиҷумҳур- хонуми муҳтарам Азизамоҳ, аз бонувони вакиле, ки дар парлумон менишинанд, ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онҳо дар чунин таҳқирҳо нисбати занону модарони тоҷик бетараф набошанд. Зеро худи онҳо борҳо ҳиҷоб ба сар кардаанд (дар маросимҳои азодорӣ, ҳангоми адои ҳаҷ, ҳангоми арусӣ ва замони пиронсолӣ). Хосатан ҳамсари муҳтарамаи раисҷумҳур, бону Азизамоҳ ҳар ҷое, ки бо шавҳарашон сафар мекунанд ва онро дар телевизион намоиш медиҳанд, ҳиҷоби комилро риоя мекунанд. Шояд дахолати эшон ба ин масъала хонум Идигул Қосимоваро ба худ меорад ва водор мекунад, то хатояшро ислоҳ намояд ва аз тамоми занону модарон ва хоҳарони тоҷик узр пурсад!”
Рузномаи “Имруз нюз” дар матлабе бо номи “Аз Толибон то Наҳзат” муддаӣ шудааст, ки Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ба монанди гурӯҳҳои ифротии дигаре мисли Алқоида, Толибон, ДИИШ, Боку Ҳаром, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби Таҳрир ва ғайра тавассути кишварҳои ғарбӣ бо ҳадафи ноамн кардани ҷаҳони Ислом таъсис ёфтааст. “Имруз нюз” паноҳанда шудани аъзои Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар кишварҳои аврупоиро далели ошкори даст доштани Ғарб дар таъсис ва ҳимояти ин ҳизб муаррифӣ кардааст. “Имруз нюз” бо ишора ба ҷанги Сурия ва таблиғоти расонаҳои ғарбӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад навиштааст: “Бо ҳамаи таблиғоти густурда пас аз он ки ғарбиҳо аз пирӯзии гурӯҳҳои ифротии мавриди ҳимояти худ ноком шуданд, имрӯзҳо дигар ҳарфе дар бораи фоҷеаи башарӣ дар Сурия намезананд ва ҳозир нестанд ҳатто як мошини ёрии таъҷилӣ барои интиқоли захмиён ба бемористон ба ин кишвар кӯмак кунанд”.
“Имруз нюз” дар шумораи дигари ин ҳафтаи худ таҳти унвони “Мусулмонҳо ё манфиатҳо ё худ Амрико дар эътирозҳои мардумиву дипломотӣ меҷӯшад”, тасмимоти ахири Доналд Трамп-президенти ҷадиди Амрикоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. “Имруз нюз” бо такя ба назари коршиносони байналмилалӣ дар бораи тасмимоти Трамп алайҳи мусулмонон ва муҳоҷирон, ин иқдоми тозаи 45-умин раиси ҷумҳури Амрикоро золимона ва шармовар арзёбӣ кардааст.
“Азия плюс”, нашрияи русизабони Тоҷикистон дар матлабе бо номи “Субҳ -афзоиши нархи барқ ва шом –пул” мавзӯи пешшарти Бонки рушди Аврупо ба давлати Душанберо баррасӣ кардааст. Ахиран Бонки рушди Аврупо барои ихтисоси як воми 50 миллиондолларӣ ба давлати Душанбе 13 пешшарт ба давлати Душанбе ироа кардааст. Аз ҷумлаи ин пешшартҳо афзоиши қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон будааст. Бархе шаҳрвандон дар вокуниш ба ин пешшарти Бонки рушди Аврупо гуфтаанд, ки ҳарчанд, ки қиматгузории нерӯи барқ дар қиёс бо дигар кишварҳо дар Тоҷикистон пойин аст, аммо дар муқоиса бо маоши мардум нархи феълии тайиншуда хеле боло мебошад.
Нашрияи “Фараж” бо ишора ба бориши шадиди барф дар кишвар, мардумро аз сафар ба манотиқи куҳистонӣ ҳушдор додааст. “Фараж” навиштааст: Бар асари резиши дубораи тарма трофик дар ҷоддаи Душанбе - Хуҷанд шадидтар шудааст”. Гуфтанист аз рӯзи 28-уми январ дар қисматҳои куҳистонии Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма даҳҳо мошин дармонда, ин ҳодиса 8 кушта барҷой гузошт. Айни ҳол корҳои бартарфсозии ин офат идома дорад.
Ва нашрияи “Миллат” дар ҳамин иртибот дар матлабе бо номи “Роҳи одамхор” аз ширкати IRS, нигаҳбони шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд ба далели нотавонӣ дар иҷрои масъулиятҳои худ интиқод кардааст. Ба навиштаи “Миллат” вуқӯи ҳаводиси дилхарош дар ҳолест, ки роҳи Душанбе - Хуҷанд пулакисту масъулияти бехатарии роҳ ва солиму саломат расидани мусофирон вазифаи ҷонии ширкати мазкур мебошад.
Гузориши савтии ин мавзӯро, ки аз сӯйи ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа омода шудааст, метавонед бишнавед.