Феврал 06, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Созмони сармоягузории давлати Қатар

Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Созмони сармоягузории давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, дар мулоқот масоили марбут ба иштироки доираи иқтисодию сармоягузории давлати Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги дорои аҳамияти миллию минтақавии Тоҷикистон ва дурнамою нақшаҳои ҳамкориҳои фаъолтари Тоҷикистону Созмони сармоягузории Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳусни эътимоду боварии комил омили муҳими ба роҳ монадани ҳамкориҳои дуҷониба маънидод гардид ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди ҷалби сармояи ин созмон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги энергетикӣ, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Барои беҳтару хубтар гардидани ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ҳамчун қадами нахуст таъсиси Фонди рушди Қатар оид ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, Ширкати консталтингӣ ва Бонки сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон амали муҳим арзёбӣ шуд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин доир ба масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Созмони сармоягузории давлати Қатар ва махсусан дар соҳаҳои афзалиятноки гидроэнергетикӣ, нақлиётӣ ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд.