Феврал 06, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси шӯрои Қатар

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси шӯрои Қатар дар Давҳа-пойтахти ин кишвар дидор кард.

Ба навиштаи сойти "prezident.tj", дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузории рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои минтақа ва мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии  Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд.

Барчасп