Оғози муҳокимаи муфаттиши парвандаи Бузургмеҳр Ёров
Додгоҳи шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста муҳокимаи Музаффар Ҳакимов муфаттиши парвандаи Бузургмеҳр Ёровро оғоз кардааст.
Ба гузориши сайти top.tj, мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаӣ шудаанд, ки Музаффар Ҳакимов ҳангоми бозҷӯӣ аз Бузургмеҳр Ёров аз мавқеияти худ сӯиистифода карда ва бидуни муҷаввизи додгоҳ ба наздикони вай иҷозаи мулоқот додааст.
Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи ҳизби фаъолияташ мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон аст, ки ба 23 сол зиндон маҳкум шудааст.
Афзун бар ин Нилуфар Ёрова аз хоҳарони Бузургмеҳр Ёров ҳам бо ҳузур дар додгоҳ алайҳи Музаффар Ҳакимов шаҳодат додааст.
Музаффар Ҳакимов пеш аз ин муддаӣ шуда буд, ки Ёров аз ду шаҳрванди Тоҷикистони ҳаққи ваколат дарёфт карда, вале барои онон коре накардааст.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Ёров гуфтаанд, ки бо ризояти Ҳакимов, онон дар ҳузури шоҳидон 25 ҳазор доллар ба унвони ҳақи ваколат ба ӯ таҳвил додаанд то ба шикояткунандагон бирасонад, вале Музаффар Ҳакимов ин маблағро ба онҳо пардохт накардааст.
Додситонии кулл ба хотири собит нашудани амали ришвахорӣ, гирифтани пораро аз парвандаи ӯ ҳазф кардааст.
Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломии ин кишварро ба иттиҳоми ифротигарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раиси ҷумҳурӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум кард.