Ҳафт сол зиндони як тоҷик барои пайвастан ба ДИИШ
(last modified 2017-02-09T06:31:29+00:00 )
Феврал 09, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт сол зиндони як тоҷик барои пайвастан ба ДИИШ

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳафт сол зиндон, маҳкум шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додситони кулли Тоҷикистон, ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишвар, ба иноми М. Воҳидовро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористи ДИИШ ба ҳафт сол зиндон бо низом шоқа маҳкум кард.

Ба навиштаи манбаъ,  Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз, 8-уми феврал иттилоъ дод, Воҳидов соли гузашта ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия бо ҳамдеҳааш-Бурҳонов, ки ҷангии “ДИИШ” дар Сурия аст, тариқи шабакаи “Однокласники” мукотибот доштааст: “Воҳидов зимни суҳбатҳо бо Бурҳонов, ки зидди ҳукумати Сурия меҷангад, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” шинос шуда, онҳоро қабул ва нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан кардааст”.

Ба иттилои додситонӣ Воҳидов қасд доштааст, ҳамроҳи ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба Сурия сафар кунад, аммо сентябри соли 2016 дастгир гардид: “Соли равон ӯ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид”.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик соли 2016 дар кишвар 1367 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 464 аъзои ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Барчасп