Ваъдаи кӯмаки СПАД ба Тоҷикистон
Кафили дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бар пойбандии ин созмон дар кӯмак ба ин кишвар барои таҳкими марз бо Афғонистон таъкид кард.
Ба гузориши сойти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Валерии Семериков дар гуфтгӯи телефонӣ бо Абдуриҳам Қаҳҳоров таъкид кардааст, ки моҳи феврал гурӯҳе аз кормандони дабирхонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои баррасии мавзӯи кӯмакҳои ин созмон ба Тоҷикистон ба манзури таҳкими марзи муштаракаш бо Афғонистон ба Душанбе сафар хоҳанд кард. Ӯ ҳадаф аз ин сафарро арзёбии вазъи амниятӣ дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои расондани кӯмакҳои фаннию таҷҳизотии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар пайи афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон унвон кардааст. Ҳамчунин дар ин гуфтугӯи телефонӣ тарафҳо дар бораи кӯмакрасонии фаврии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба Тоҷикистон барои ҳалли мушкилот, бориши барфи зиёд ва тарамфароӣ дар ин кишвар баҳсу табодул назар карданд.
Арманистон, Белорусия, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.