Феврал 11, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо барои истирдоди Кабирӣ масъулият надорад

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо барои истирдоди Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ масъулият надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Ҳидоят Бишчевич, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ дар шаҳри Душанбе афзуд, “мо дар мавриди Кабирӣ бо мақомоти Тоҷикистон гуфтугӯ ва мавозеи худро баён кардаем”.

Ӯ таъкид кард, агар Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Кабирӣ иттилои дақиқе дорад, ки ӯ ба кадом кишвари аврупоӣ паноҳ бурдааст, бояд мустақиман ба ҳамон давлат муроҷиат кунад, зеро тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Иттиҳод Аврупо дар ин замина масъулияте надорад. Пеш аз ин гурӯҳе, ки худро ҷавонони фаъол муаррифӣ мекард, борҳо бо баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе боздошт ва истирдоди Кабириро хостор шуда буд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз интихоботи парлумонии соли 2015 ба хориҷ аз ин кишвар сафар карда, дигар барнагашт. Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро ба иттиҳоми мушорикат дар шӯриши Абдуҳалим Назарзода террористӣ эълом ва фаъолияташро мамнӯъ кард.

 

Барчасп