Хатари об шудани 30 дарсад аз яхчолҳои Тоҷикистон дар ояндаи наздик
Бар асоси бароварди донишмандони муҳити зист, тайи даҳаҳои ахир аз се як ҳиса аз масоҳати яхчолҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва партоби газҳои гклхонаӣ об шудаанд ва хатар, коҳиши 30 дарсадии ин манобеъи табииро дар ояндаи наздик таҳдид мекунад.
Ба гузориши сойти CA News, яке аз паёмадҳои ин раванд барои Тоҷикистон афзоиши ҷори шудани сел ва дигар балоҳи табиӣ аст, ба тавре, ки танҳо дар 5 соли ахир бар асари ҳаводиси мухталифи табиӣ дар ин кишвар, 127 нафар ҷони худ ро аз даст додаанд ва ба иқтисоди ин ҷумҳурӣ 600 миллион доллар хисорат ворид шудааст.
Донишмандон таъкид мекунанд, ки ба иллати гарм шудани ҳаво ва тағйироти шароити иқлимӣ, аз 14 ҳазор яхчоли бузургу кӯчаки табиӣ дар кӯҳҳои Бадахшони ин кишвар як яхчол ба таври комил аз байн рафта ва хатари об шудани соири яхчолҳо низ афзоиш меёбад.
Яхчоли Федченко бузургтарин яхчоли табиӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ аст, ки дар иртифои 6 ҳазор метрӣ аз сатҳи дарё дар кӯҳҳои Бадахшон бо 70 километр тӯл, 2 километр арз ва захомати 1 километр воқеъ шудааст. Донишмандон захоири солонаи обҳои Тоҷикистонро 64 миллиард метри мукааб арзёбӣ мекунанд, ки баробар бо 60 дарсад аз ҳаҷми оби рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ аст.
Аз сӯи дигар Тоҷикистон дорои зарфияти тавлиди 527 миллиард киловатт соат/барқ аст, ки дар ҳоли ҳозир танҳо 5 дарсад аз ин тавонмандӣ, мавриди истифода қарор гирифтааст ва дар фасли сармо мардуми ин кишвар бо буҳрони камбуди барқ рӯбарӯ мешаванд.