Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Равобити Теҳрон-Душанбе умедворкунанда буда ва уфуқи равшане дорад
(last modified 2017-02-12T12:28:54+00:00 )
Феврал 12, 2017 17:28 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Тоҷикистон: Равобити Теҳрон-Душанбе умедворкунанда буда ва уфуқи равшане дорад

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфт, равобити Душанбе ва Теҳрон тира нест ва уфуқи равшане дорад.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар посух ба саволи хабарнигори рӯзномаи “Миллат” дар бораи ояндаи равобити Тоҷикистон ва Эрон гуфт: “Равобити Тоҷикистон ва Эрон реша дар тасмими сиёсатмадорон ё хости дипломат‎ҳо надорад, ки агар кудурате байни онон пеш омад, аз ҳам пошад. Ҳеҷ миллате дар ҷаҳон пайдо наме‎шавад, ки ин ҳама муштаракот, меҳру муҳаббати мутақобил ва заминаҳои иқтисодӣ ва ҷуғрофиёии матлуб барои ҳамкорӣ дошта бошанд”.

 Вай афзуд: “Равобити мо реша дар илзомоти куҳани тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва манобеи роҳбурдии ду миллат дар ҳамаи ҳавзаҳо дорад”.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ афзуд, манофеи ҳамсони иқтисодӣ ва амниятӣ ин решаҳоро тақвият мекунанд ва ба ин далел аст, ки раҳбарони ду кишвар гармтарин ва самимитарин таъбирҳоро барои равобити ду кишвар баён карданд.

 Вай таъкид кард: “Ман ҳамчунон ояндаро равшан мебинам, зеро решаҳои ин муносибот дар умқи таърих ҷой гирифта ва аз уқёнуси бузурги мероси арзишманди ниёгон об мехӯрад”.

Адами иртиқои равобити ду кишвар на дар дарозмуддут, ҳатто дар кӯтоҳмуддат бар зарари ҳар ду тараф ва муғойир бо хости раҳбарони ду миллат аст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон эътироф кард, доштан пайвандҳо ва иртибототи бештар ва роҳаттар табъан гоҳе мушкилот ва сӯитафоҳумҳо эҷод мекунад, аммо мушкиле нест, ки ҳал шуданӣ набошад. Фағонӣ гуфт, вуҷуди мушкилот амре табиӣ ва тақозои зиндагии башарӣ аст. Муҳим ин аст, ки мушкилот монеи ҳамкорӣ ва дӯстӣ набошад ва бо гуфтугӯи самимона ҳал ва рафъ гардад.

 Вай афзуд: “Равобити мо чунон ки Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази мутолеоти стратегии Тоҷикистон ҳам чанде қабл дар мусоҳибае гуфта буд, тира нест ва уфуқи равшане дорад”.

Бо вуҷуди бархе сиёҳнамоиҳо, ки тавассути баъзе кишварҳо сурат мегирад, ҳамакнун даҳҳо ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъол мебошанд ва бо парвозҳои мустақим дар ҳар ҳафта, мардуми Эрон ва Тоҷикистон дар рафтуомад буда ва ҳеҷ барномаи фарҳангӣ ва ҷашну ҳамоишеро бидуни ҳам баргузор намекунанд.