Оғоз кори нахустин сафири Тоҷикистон дар Италия
Нахустин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия, дар маросиме устуворномаи худро ба раиси ҷумҳурии ин кишвар тақдим кард.
Ба гузориши сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Исматулло Насрединов сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Италия дар маросиме дар қасри Квириналеи Рим устуворномаи худро ба Серҷо Маттарелла раиси ҷумҳурии ин кишвар ироа кард.
Насрединов сипас дар нишасте бо раиси ҷумҳурии Италия салом ва дуруди Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вай расонд.
Раиси ҷумҳурии Италия низ дар ин дидор таъйини сафири Тоҷикистон дар кишварашро барои рушди равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ кард.
Дар поёни ин дидор раиси ҷумҳурии Италия барои давлат ва миллати Тоҷикистон муваффақият ва пешрафт орзу кард.