Тошканд “Сомон эйр”-ро напазируфт
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” Тоҷикистон мегӯяд, ки парвози ҳавопаймои мусофирбари ин ширкат ба шаҳри Тошканд, ки қарор буд имрӯз, 20 феврал анҷом мешуд, лағв шудааст.
Ширкати “Сомон эйр” бо нашри баёнияе гуфтааст, бо вуҷуди он ки ширкати мазкур иҷозати парвозро дошт, аммо фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд эълом кардаасст, ки ба қабули ҳавопаймои Душанбе омода нест.
Ба гуфтаи ин манба қарор буд, субҳи имруз 20 феврал ҳавопаймои “Сомон эйр” бо 26 мусофир ба пойтахти Узбакистон парвоз мекард, вале фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба онҳо иҷозати парвозро надодааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» аз мусофирони хатсайри мазкур барои эҷод кардани нороҳатӣ маъзарат хоста, ба мусофирон маблағи хариди билет бозгардонида шуда, барои бархе дигар аз мусофирон билет ба хатсайри Душанбе-Хуҷанд омода шудааст.
Ҳамзамон масъулини ширкати Сомон эйр мегуянд, ки тариқи роҳҳои дипломатӣ ба ҷониби Узбакистон муроҷиат кардаанд ва ҳоло ин парвоз то рӯзи 23 феврал ба таъхир гузошта шудааст. Бо ин вуҷуд ҳоло мушахас нест, ки рӯзи 23 феврал ин парвоз анҷом мешавад ё хайр.
Бояд гуфт, ки қаблан мақомоти Тоҷикистону Узбакистон барои аз саргирии парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд ба тавофуқ расида буданд ва нахустин парвози озмоишӣ дар ин масир баъди 25 сол 10-уми феврали соли ҷорӣ анҷом шуд.
Тибқи тавофуқоти дар шаҳри Тошканд миёни ду ҷониб ҳосил шуда, қарор буд, ки ширкат “Сомон эйр” ҳар рӯзи душанбе ба самти Тошканд ҳафтае як бор парвоз карда, ҷониби Узбакистон аз тобистони соли ҷорӣ парвоз ба шаҳри душанберо оғоз мекунад. Ҷониби Узбакистон то ҳол далели қабул накардани ҳавопаймо аз шаҳри Душанберо шарҳ надодааст.
Ин дар ҳолест, ки баъди анҷоми нахустин парвози озмоишӣ дар масири Душанбе-Тошканд, сокинони Тоҷикистону Узбакистон, ки дар ду тарафи марз наздиконашон ба сар мебаранд, аз хабари барқарории парвозҳо миёни ду кишвар истиқболи гарм карданд.
Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон дар соли гузашта, Шавкат Мирзиёв раҳбари нави кишвари ҳамсоя ба таҳким ва густариши равобит бо Тоҷикистон пардохт ва аввалин қадам дар ин самт, эҳёи парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд маҳсуб мешавад. Аммо мушкилоти умда дар роҳи тақвияти ҳамкориҳо миёни Душанбе ва Тошканд ҳамоно вуҷуди низоми раводи миёни ду кишвар аст.
Гуфтанист, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар соли 1992 парвозҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон қатъ шуд. Қабл аз ин, солҳо Душанбе бо шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Намангон, Андиҷон ва Қӯқанди Узбакистон иртиботи ҳавоӣ дошт.