Эъломи таърихи дақиқи сафари Путин ба Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки Владимир Путин- раисиҷумҳурии Русия, рӯзҳои 27 ва 28 феврали соли ҷорӣ аз ин кишвар дидор хоҳад кард.
Ба гузориши маркази матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин хабар ба ҷузъиёти музокироти Путин бо мақомоти ин кишвар, ишорае нашуда ва гуфта мешавад, ки тарафҳо чанд санади ҳамкории ҷадид имзо хоҳанд кард.
Қаблан коршиносони масоили сиёсӣ пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, афви коргарони муҳоҷири тоҷик ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразияро, меҳвари музокироти раисони ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе унвон карда буданд. Бо ин ҳол, манобеи хабарии Русия таъкид кардаанд, ки дар баробари вогузории таслиҳоти ҷадид ба артиши Тоҷикистон дар соли 2017, Маскав хостори дар ихтиёр гирифтани пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, дар 15 километрии шаҳри Душанбе хоҳад шуд.
Ҳамчунин манобеи наздик ба Кремл аз омодагии Русия барои афви 24 ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик хабар медиҳанд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз Русия мехоҳад, ки 68 ҳазор нафар аз ин афродро мавриди афв қарор диҳад, ки вуруди муҷаддади онон ба ин кишвар ба муддати 5 сол мамнуъ мебошад. Дар ҳоле, ки Вазорат кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русияро, 304 ҳазор нафар эълом кардааст.
Ба гуфтаи коршиносон дар дидори Путин бо мақомоти тоҷик дар Душанбе, дар бораи далелҳои коҳиши мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон, мушкилоти ширкатҳои русӣ дар ин кишвар ва пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия баҳсу табодули назар хоҳад шуд. Юрий Ушаков-мушовири раисиҷумҳури Русия гуфтааст, ки Путин дар Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Асов нишонҳои давлати Русияро ба хотири хадамоти ин ду, дар таҳкими равобити ду кишвар эҳдо хоҳад кард.