Тоҷикистон ва Русия 6 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд
Феврал 27, 2017 16:29 Asia/Dushanbe
Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баъди анҷоми музокироти байнидавлатӣ изҳороти муштараки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия оид ба натиҷаҳои сафари расмӣ қабул карда шуда, дар ҳузури сарони ду давлат 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин санадҳо дар заминаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, алоқаи фелдегерии ҳарбии почта, истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ба имзо расидааст.
Барчасп