Март 01, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми маҳкумияти Ёров ва Маҳкамов бидуни тағйир боқӣ монд

Додгоҳи  олии Тоҷикистон бо радди дархости таҷдиди назар дар ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, маҳкумияти ононро ба 23 ва 21 сол зиндон таъйид кард.

Ба гузориши сайти Фарғона, наздикони Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов гуфтаанд, ки додгоҳи олии ин кишвар рӯзи сешанбе 28 феврал пушти дарҳои баста бо таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе мухолифат кард ва дар ҳукми 23 ва 21 соли зиндон барои ин ду вакили мудофеъ ҳеҷ тағйире надод.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба иттиҳоми қаллобӣ, барангехтани низои қавмӣ, мазҳабӣ ва нажодӣ, даъват ба ифротгароӣ ва талош барои барандозии низоми сиёсӣ ба 23 ва 21 сол зиндон маҳкум карда буд.

Ин ду вакили мудофеи ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломи Тоҷикистон тамоми иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи намояндаи додситони куллро тӯҳматҳои беасос унвон кардаанд.

Ёров пас аз таъсиси кумитаи дифоъ аз 13 узви боздоштшудаи раёсати олии ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар соли 2015 дар оғоз ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуд.

Маҳкамов низ, ки масъулияти дифоъ аз вайро бар ӯҳда гирифта буд, муддате баъд ба иттиҳоми мушобеҳ дастгир шуд.

 

Барчасп