Март 01, 2017 12:59 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони бахши хусусии Австрия ба Тоҷикистон меоянд

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Австрия дар Душанбе бар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Вена таъкид карданд.

Ба гузориши сайти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Герхард Сайллер сафири фавқулодаи Ҷумҳурии Австрия дар Душанбе дар дидори Саидраҳмон Назризода муовини аввали вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафари фаъолони иқтисодии бахши хусусии кишвараш ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.

Назризода ва Сайллер ҳамчунин ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Австрияро барои ду кишвар судманд арзёбӣ ва дар бораи тавсиаи равобити дуҷониба дар ҳавзаҳои тиҷорат, энержӣ, сармоягузорӣ, рушди бахши гардишгарӣ ва тарбияти мутахассисон баҳс ва табодули назар карданд.

Қароргоҳи сафири фавқулодаи Австрия дар Душанбе дар Остонаи Қазоқистон аст.

 

Барчасп