Август 05, 2016 19:54 Asia/Dushanbe

Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон мегӯяд, ки то соли 2017-и мелодӣ 20 корхонаи азими тавлидотӣ дар ин кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон рӯзи гузашта дар посух ба суоли хабарнигори радиои Садои Хуросон гуфт, ки сохти ин корхонаҳо бар асоси барномаи рушди иқтисодии кишвар то соли 2020-и мелодӣ ва бо ҳадафи худкифоии мамлакат дар бахши тавлиди колоҳои мавриди ниёзи мардум дар назар гирифта шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон бо ишора ба барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ барои солҳои 2014-2016-и мелодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир барномаи мазкур 68 дарсад иҷро шудааст ва агар то поёни сол иҷрои барнома комил нашавад, Кумитаи сармоягузорӣ барои тамдиди муҳлати он ба ҳукумати кишвар муроҷиат хоҳад кард.

Қодир Қосим овозаи хусусисозии ширкати "Барқи тоҷик"-ро рад карду афзуд: "Дар ҳоли ҳозир барномаи хусусигардонии ин ширкат дар дастури кори ҳукумат қарор надорад".

Ба гуфтаи вай, бо ҳадафи короии бештари ширкати "Барқи тоҷик", сохтори он таҷдид ва ин ширкат ба се шохаи мустақил тағйири шакл хоҳад дод.

Гуфтанист, бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амвол ва сармоягузории Тоҷикистон, ин кишвар дар соли 2016 барои эҷоди шароити муносиб ва додани имтиёз бештар ба бахши хусусӣ аз ҷойгоҳи 166 дар раддабандии Бонки ҷаҳонӣ муваффақ ба касби ҷойгоҳи 132 дар миёни кишварҳои ҷаҳон шудааст.

Ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе гузориш медиҳад:

Барчасп