Март 01, 2017 17:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ду табааи тоҷикистонӣ дар Қазон

Ду табааи тоҷикистонӣ ба ҷурми убури ғайриқонунӣ аз марзи Қазоқистон ва Русия ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба иттилои расонаҳои Тоҷикистон, додгоҳе дар шаҳри Қазони Русия ду табааи Тоҷикистонро ба ҷурми убури ғайриқонунӣ аз марз ба як солу се моҳи зиндон бо шароити сахт маҳкум кардааст .

Икромиддин Файзиев ва Бахтовар Вайсов бо вуҷуди онки то соли 2025 ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, талош кардаанд, аз як рустои марзӣ дар Қазоқистон пои пиёда ба қаламрави Русия ворид шаванд .

Гуфта мешавад, ин ду нафар, ки моҳи августи соли гузашта дастгир шудаанд, токунун дар боздоштгоҳ будаанд .

Ахиран Душанбе ба Маскав пешниҳод кардааст, ки ҳукми ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистонро бозбинӣ ва муҳоҷирони ихроҷшударо афв кунад .

Ин пешниҳод дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе матраҳ шуд .

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳудуди 270 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик аз ҳаққи вуруд ба қаламрав Русия маҳруманд .

Мақомоти Русия дар авохири моҳи январ эълом карданд, ки дар ҳоли баррасии афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик ҳастанд ва ҳудуди 70 ҳазор нафар аз ин афрод бахшида хоҳанд шуд .

 

Барчасп